Азми Қирғизстон барои ҳаллу фасли мусолиматомези масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Феврал 01, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
Раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт: Мусамам ҳастем масоили марзиро мусолиматомез бо тарафи тоҷик ҳал кунем.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Қамчибек Тошиев, раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар мавриди даргирии марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон хотирнишон кард, ки мутаъаҳид ба ҳалли масоили марзӣ аз роҳи мусолиматомез ҳастем.
- Тошиев бо ишора ба даргирии ахири марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон дар минтақаи Ботканд хотирнишон кард: Мо мушкилоти марзиро бо мусолиҳа ҳал хоҳем кард.
- Ба гуфтаи вай ингуна нахоҳад буд, ки ин мавзуъ фақат ба нафъи Қирғизистон ё Тоҷикистон бошад.
- Тошиев афзуд: Замоне, ки масоили марзӣ ҳал шавад, гузаргоҳҳои марзӣ боз хоҳад шуд, то шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон рафту омад кунанд.
- Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт: Таҷҳизоти низомии ҷадид харидорӣ шуда аст ва дар моҳи феврал ба Қирғизистон таҳвил дода хоҳад шуд.
27 январ даргирӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди аз афроди низомӣ ва ғайринизомӣ шуд.
Бештар бихонед:
Барчасп