Феврал 10, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Толибон бо ҳадафи гуфтугӯ дар бораи кумакҳои башардӯстона ба Женева сафар кардааст
    Ҳайати Толибон бо ҳадафи гуфтугӯ дар бораи кумакҳои башардӯстона ба Женева сафар кардааст

Ҳайате аз Толибон ба раёсати масъули Комиссиони тасфияи ин гурӯҳ барои гуфтугӯ бо мақомоти Швейтсария ва созмонҳои ғайридавлатӣ, роҳии ин кишвар шуд.

Вазорати умури хориҷаи Швейтсария вуруди ҳайати Толибон ба раёсати Лутфуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссиони тасфия (поксозӣ)-и ин гурӯҳро таъйид кардаанд. Ин ҳайат бо ҳадаф гуфтугӯ дар бораи кумакҳои башардӯстона ва масоили ҳуқуқи башарӣ ба Женева сафар кардааст.

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Швейтсария дар ин бора гуфт: " Ин ҳайат пушти дарҳои баста бо Салиби Сурх ва соири созмонҳои ғайридавлатӣ дар бораи дастрасии ниёзмандон ба кумакҳои башардӯстона, ҳифозат аз имдодгарон ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар гуфтугӯ хоҳад кард.

Бо имтинои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шиносоии расмии ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, ин гурӯҳ давоми ҳукӯмати худ дар ин кишварро машрӯт ба таъмини ниёзҳои аввалияи ғизоӣ, доруӣ ва беҳдоштии мардуми Афғонистон медонад ва ба ҳамин далел аст, ки дар ҳафтаҳои ахири мақомоти давлати Толибон беш аз пеш бар лузӯми ироаи кумакҳои башардӯстона аз сӯи ниҳодҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин кишварҳои мухталиф ба мардуми Афғонистон таъкид доранд.

Ҳушдорҳои мутааддид дар бораи ба хатар афтодани ҷони миллионҳо нафар ба хусӯс кӯдакон дар асари гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар Афғонистон мӯҷиб шуда то фишори афкори умумии дохилӣ ва хориҷӣ бар давлати Толибон башиддати афзоиш пайдо кунад.

David Beasley аз мақомоти Барномаи ҷаҳонии ғизо мегуяд, наздик ба нисфи ҷамъияти Афғонистон бо буҳрони гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд. Мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд ва агар ин кумакҳо анҷом нашавад, ин кишвар ба як буҳрони бузурги башарӣ табдил хоҳад шуд.

Мақомоти Толибон ба хубӣ медонанд, чунончӣ натавонанд ба сӯрати фаврӣ ниёзҳои аввалияи мардуми Афғонистонро таъмин кунанд мумкин аст, навъе шӯриши дохилӣ низ бар буҳронҳои мавҷӯд дар ин кишвар афзӯда шавад, ки ин вазъ, шароитро барои Толибон, ки ҳокимиятро дар ихтиёр дорад ба шиддат печида ва сахт хоҳад кард.

Дар чунин шароите давлати Толибон, ки талошҳояш барои мутақоидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои шиносоии расмии ҳокимияти ин гуруҳ дар Афғонистон токунӯн ноком будааст, рӯйкарди ҷалби кумакҳои башардӯстонаро дар авлавият қарор дода то пас аз костан аз буҳрони гуруснагӣ, дар оянда битавонад муҷаддадан мавзӯи шиносоии расмии ин гуруҳро дар қолаби ройзаниҳои ду ё чандҷониба ба пеш бибарад.

Бар ҳамин асос ҳайате аз давлати Толибон ба Швейтсария рафта то мақомоти созмонҳои мухталифи фаъол дар умӯри башардӯстона ва ҳамчунин масъулони давлати ин кишварро ба ироаи кумакҳои фаврии ғизоӣ, доруӣ ва беҳдоштӣ ба мардуми Афғонистон мутақоид кунад.

Агарчӣ ин дидгоҳ низ дар байни бархе кишварҳои ғарбӣ вуҷӯд дорад, ки ҳар гуна кумак ба Афғонистон, ки мӯҷиби бақо ва давоми давлати Толибон, ки ҳозир ба ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом ва муҳтарам шумурдани ҳуқуқи ақшори мухталиф ба хусӯси занон дар ин кишвар нест, метавонад ба навъе манофеи мардуми Афғонистонро ба хатар биандозад.

Дар муқобили ин дидгоҳ низ вуҷӯд дорад, ки набояд ба далели истиқрори ҳукӯмати Толибон дар Афғонистон, ки бисёре аз озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишварро маҳдуд кардааст, кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, ки дар маърази хатароти ҷуброннопазири гуруснагӣ ва фақр ҳастандро мутаваққиф кард.

Баназар мерасад, ҳайати Толибон дар Швейтсария натавонад назари мақомоти гуфтугӯкунандаро барои кумакҳои ҳаддиаксарии башардӯстона ба Афғонистон ҷалб кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп