Ноябр 18, 2016 19:23 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли барқарории иртиботи роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Як манбаи рус эълом кард, ҳаракати қаторҳо дар ду қитъаи роҳи оҳани байни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, сайти русизабони “Uzmetronom” бо дарҷи матлабе дар бораи равобити Ӯзбакистон ва Тоҷикистон навишт: "Тибқи ахбори манобеи муътамад, тарафи Ӯзбакистон бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ барномаи бозсозии қитъаи тахрибшудаи роҳи оҳани “Ғалаба-Амӯзнг” байни ин кишвар ва Тоҷикистонро оғоз хоҳад кард".

Ин қитъаи роҳи оҳан соли 2011 бо тасмими давлати Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии вақти Ӯзбакистон ва ба манзури шиддат бахшидан ба фишор бар Тоҷикистон, тахриб шуда буд.

Манбаи ёдшуда ҳамчунин эълом кард, эҳтимол дорад ба зудӣ ҳаракати қаторҳои борӣ аз масире, ки маркази Ӯзбакистонро аз тариқи Тоҷикистон ба водии Фарғона мепайвандад, аз сар гирифта шавад.

Ин масири хати роҳи оҳан низ авохири даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов бо тасмими Тошканд баста шуда буд.