Номзадии Сардор Бердимуҳаммадов барои интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркманистон
Ҳизби сотсиал-демократии Туркманистон номзадии писари раиси ҷумҳурии ин кишварро барои интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳуриро эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси қонуни интихоботи Туркманистон аҳзоби сиёсӣ ва гуруҳҳое аз шаҳрвандони ин кишвар аз ҳаққи муъаррифии номзад барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бархурдор мебошанд.
Сардор Бердимуҳаммадов мутавалиди 1981 буда, фориғутаҳсил аз донишгоҳи кишоварзии Туркманистон дар риштаи муҳандиси текноложии, академияи дипломатии вазорати умури хориҷаи Русия ва ҳамчунин дар риштаи амнияти Аврупо ва байналмиллалӣ таҳсил карда аст. Вай аз соли 2018 ба унвонҳои муовини вазири хориҷаи Туркманистон, намояндаи Маҷлис, муовини устондор, Вазири саноат ва тавлидоти сохтмонии Туркманистон ва аз моҳи феврали соли 2021 ба унвони муовини нахуствазир, раёсати утоқи олии ҳисобрасӣ ва узви шурои амнияти Туркманистонро бар уҳда дорад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси тасмими камисёни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон, нахустин марҳила аз таблиғоти интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳури аз рӯзи душанбе бо муъаррифии номзадҳо оғоз шуд.
Ҳар яке аз шаҳрвандони Туркманистон, ки мутаваллиди ин кишвар буда, 40 сол ба боло син дошта, бо забони давлатӣ (туркаманӣ) ошно бошанд ва дар 15 соли ахир ба таври доим дар Туркманисон кору зиндагӣ дошта бошад, метавонад номзадии худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муъаррифӣ кунад.
Раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба таври мустақим аз сӯи мардум ва барои як давраи ҳафтсола интихоб мешавад. Дар Туркманистон 3 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби кишоварзӣ ва ҳизби саноъати ва корофаринон вуҷуд дорад. Ҳизби демакрати Туркманистон қадимитарин ҳизби сиёсии ин кишвар буда дар соли 1991 таъсис шуда аст.
Қурболқулӣ Бердимуҳаммад аз соли 2006 будни ҳеҷ мухолифе дар ин кишвари сарватманди Осиёи Миёна қудратро дар даст дошта аст. Вай эълом кард, Сардор Бердимуҳаммадов писарашро ба унвони раиси ҷумҳурии оянда муъаррифӣ мекунад.
Охирин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркманистон дар соли 2017 баргузор шуд ва бар асоси қонун қарор буд даври баъдии интихобот дар соли 2024 баргузор шавад.
Бештар бихонед: