Ноябр 19, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Cафари вазири умури хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Вазири умури хориҷии Қазоқистон барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Эрлан Идрисов 24-25 ноябр ба Душанбе меояд, то дар дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Душанбе ва Остона, авзои Афғонистон ва минтақа гуфтугӯ кунад.

Қазоқистон муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон пас аз Русия ва Чин аст. Ба гуфтаи иқтисоддонони қазоқ, бо вуҷуди коҳиши 30-дарсадии муомилоти тиҷории Қазоқистон бо кишварҳои дигар ин шохис дар муносиботи тиҷорӣ бо Тоҷикистон фақат 17 дарсад коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон аз Қазоқистон гандум, газ ва маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад. Ҳамчунин дар 10 сол ахир Қазоқистон ба Тоҷикистон ба миқдори беш аз 30 миллион доллар кӯмаки башардӯстона расондааст. Қазоқистон ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.

Давлати Остона ба манзури тақвияти марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар ду соли ахир ва дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ таҷҳизоту муҳимоти ҷангии зиёде ба Душанбе ирсол кардааст.