Эъзоми 10000 сарбози Толибон ба навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Wed, 16 Feb 2022 05:26:46 GMT )
Феврал 16, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми 10000 сарбози Толибон ба навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон

Толибон ба навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон 10000 сарбоз мефиристад.

Фасеҳуддин Фитрат, раиси Ситоди Толибон дар Твиттер навишт: Артиши 10000 – нафарӣ, ки бо навтарин таҷҳизоти НАТО ва низомии Иёлоти муттаҳидаи Амрико муҷаҳҳаз шудааст, ки дар манотиқи шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон мустақар аст, алайҳи ҳама гуна амалиёти мусаллаҳона иқдом хоҳад кард.

Вай афзудааст: Дар муддати кӯтоҳ ҳавопаймоҳои ҷангӣ омода хоҳанд шуд ва ин як неруи тавоноро дастгирӣ мекунад.

Вилояти Балх, шимолии Афғонистон бо Узбакистон ва вилоятҳои Қундӯз, Тахор ва Бадахшон дар шимолу шарқ бо Тоҷикистон ҳаммарз аст.