Феврал 18, 2022 20:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиду боздошти хабарнигорони ҳазораву тоҷик ба далели қавмияташон аз сӯи Толибон

Ҳамзамон бо афзоиши нигарониҳо аз таътилии шумори зиёде аз дафтари расонаҳо дар Афғонистон, хабарнигорон низ аз афзоиши таҳдидҳо, боздоштҳову шиканҷаи хабарнигорон аз сӯи Толибон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Хабаргузории «Ассошейтед Пресс» гузориш додааст, ки фазои кории расонаӣ дар Афғонистон хатарнок шудааст ва хабарнигорон низ кори хабарнигориро пурстресс хондаанд.

Шуморе аз хабарнигорон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки онҳо муваззаф ҳастанд ҳангоми навиштани гузориш усулу қонунҳое, ки Толибон ҷорӣ кардаандро дар зеҳн дошта бошанд. Ин қавонин дар мавориде ҳатто сабаби лағви гузоришҳои ҷиддӣ ва мустақил шудааст.

Бо ин ҳол, шуморе аз хабарнигорон ва кормандони расонаӣ гуфтаанд, ки бештар ба далели қавмияташон мавриди таҳдиди Толибон қарор мегиранд.

Дар ин гузориш омадааст, ки хабарнигорони соири ақаллиятҳои қавмӣ, аз ҷумла ҳазораҳо низ нигарони ҷонашон ҳастанд.