Ҳукумати Толибон дар баробари шиаён зеҳнияти мусбат дорад
Сарпарасти вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон, дар дидор бо муовини Шӯрои уламои шиаи Афғонистон гуфт, “ҳамаи афғонҳо бо ҳам бародар ҳастанд ва ҳукӯмат дар баробари шиаён зеҳният мусбат дорад”.
Дар ин дидор муовини Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар робита ба нақши аҳли ташайюъ дар кишвар тавзеҳ дод ва ҳимояту ҳамкоришонро бо низоми Аморати исломии Афғонистон иброз кард.
Акбарӣ афзуд, шиаён умедворанд, ки ҷойгоҳашон дар низом бо Аморати исломӣ ҳифз шавад.
Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукӯмати Толибон, ҳам дар ин дидор гуфт: “ҳукумати Толибон дар баробари мардуми аҳли ташайюъ зеҳнияти мусбат дорад ва дар низоми ҳукумат ҷойгоҳи хубе барояшон дар назар гирфта хоҳад шуд.
Вай таъкид кард, “мушкилот бо тафоҳум ҳал мешавад ва ҳама бояд дар ростои таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ талош бикунанд ва ба душманон иҷоза надиҳанд, ки байни афғонон тафриқа эҷод кунанд.”