Феврал 28, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Иморот барои ифтитоҳи сафорат дар Қирғизистон

Сафорати Иморот дар Қирғизистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши «Форс», Руслан Қаззоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо сафири Иморот дар Қирғизистон дидор кард.

Дар ҳоли ҳозир макони иқомати сафири Иморот дар Қирғизистон дар Тошканд - пойтахти Узбакистон аст.

Дар ин дидор Қаззоқбоев аз қасди давлати Иморот барои кушоиши сафорат дар Қирғизистон истиқбол кард.

Дар ин дидор тарафайн ҳамчунин дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ ва ҳамчунин ҷазби сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.