Музокироти марзии мақомоти тоҷик ва узбак дар Тошканд
(last modified Mon, 21 Nov 2016 10:23:16 GMT )
Ноябр 21, 2016 15:23 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии мақомоти тоҷик ва узбак дар Тошканд

Дидори ҳайъатҳое аз Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаи таъин ва аломат‌гузории марзӣ дар Тошканд баргузор шуд.

Ба иттилои сайти Авесто, ҷузъиёти комили ин мулоқот ҳануз маълум нест, аммо Вазорати умури хориҷаи Узбакистон рӯзи бистуми ноябр эълом кардааст, ки дутараф дар ин дидор ҷавониби ҳуқуқии таъин ва аломат‌гузории марзиро баррасӣ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, мақомҳои узбак ва тоҷик дар бораи таъини марз дар минтақаҳое, ки токунун бар сари он ихтилофи назар вуҷуд доштааст, ба тавофуқ расидаанд.  

Ин гузориш меафзояд: Тоҷикистон токунун дар бораи мулоқоти ҳайъатҳо дар масъалаи таъин ва аломат‌гузории марзӣ бо Узбакистон тавзеҳе надодааст.

Узбакистон аз соли 1999 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди афроди мусаллаҳ, марзҳояшро бо чанд кишвари ҳамсоя мингузорӣ кардааст.

Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз ҳазору 300 километр марзи муштарак доранд, ки дутараф токунун дар мавриди таъини 80 дарсад аз марзи муштарак ба тавофуқ расидаанд. Аммо ба далели аломат‌гузорӣ нашудани комили хатти марзӣ, сокинони ду кишвар ҳангоми чарондани чаҳорпоёни худ ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур мекунанд, ки дар баъзе маворид ба сабаби ворид шудан ба майдони мин, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бар асоси созишномаи соли 2002 миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон 16 гузаргоҳ таъин шудааст, ки 9 гузаргоҳ мақеияти байналмилалӣ ва бақия мавқеияти байни кишварӣ доранд.