Чин: Англисҳо бо оташ бозӣ накунанд
(last modified Sun, 06 Mar 2022 16:15:37 GMT )
Март 06, 2022 21:15 Asia/Dushanbe
  • Чин: Англисҳо бо оташ бозӣ накунанд
    Чин: Англисҳо бо оташ бозӣ накунанд

Сафорати Чин дар Англис бо маҳкум кардани муқоисаи байни Тайван ва Украина, эълом кард сиёсатмадорони Англис бояд "бозии бо оташ" ишора ба масъалаи Тайванро мутаваққиф кунанд ва аз мудохила дар умури дохилии Чин даст бардоранд.

Кумитаи бузурги Маҷлиси аъёни Англис 3 марти 2022 мунозирае дар мавриди  ба истилоҳ "ҳимоят аз демакратия дар Тайван" баргузор кард, ки дар идомаи ин мунозира бархе аз аъзо аз Тайван ба унвони "Украинаи шарқи дур" ёд карданд ва аз давлати Англис хостанд то аз Тайван ҳимоят ва муҳофизат кунад.

Сафорати Чин дар Англис дар баёнияе эълом кард, масъалаи Тайван сирфан марбут ба умури дохилии Чин аст ва манофеъи аслии ин кишварро таҳти таъсир қарор медиҳад ва Пекин ҳеҷ дахолати хориҷиро таҳаммул намекунад, сафорати Чин афзуд: Ҳеҷ кас набояд азм ва тавонманднии мардуми Чин дар ҳифозат аз ҳокимият ва тамомияти сарзаминии кишварашонро дасти кам бигирад, танҳо як Чин дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва Тайван бахши ҷудонопазир аз қаламрави Чин аст.

Тисои Инг Вин дар соли 2020 мелодӣ ду бор ба унвони раиси идораи Тайван интихоб шуд. Пекин муътақид аст Тисои Инг Вин хостори истиқлоли расмии Тайван аст чизе, ки хати қирмизи давлати Чин аст.

Давлати Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико аз замони руй кор омадан, сиёсатҳои давлати Трампро дар қиболи Чин дар пеш гирифта аст, Байден чанди пеш лоиҳаи садҳо миллиард долларии будҷети низомии Амрикоро имзо кард, ки бахши чашмгире аз он ба муқобила бо Чин ва ҳимоят аз Тайван тахсис дода шуда аст.