Март 07, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Чин ба парлумони Қирғизистон

Раис ва сухангӯи парлумони Қирғизистон бо сафири Чин дидор кард.

Сухангӯи парлумони Қирғизистон дар дидор бо сафири Ҷумҳурии халқии Чин сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишварро ба сафири Чин табрик гуфт ва аз кумаки қаблии молии Чин барои тавсеаи бахши низомӣ қадрдонӣ кард.

Сафири Чин низ хотирнишон кард, Чин наздиктарин ҳамсоя, дӯст ва шарики қобили эътимоди Қирғизистон аст ва нисбат ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ибрози алоқа кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи байни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Раиси парлумони Қирғизистон аз кумаки 50 миллион юанӣ дар тавсеаи бахши низомии давлати Чин ташаккур кард.