Март 13, 2022 16:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони тиҷорати Қирғизистону Узбекистон ба 2 миллиард доллар

Вазирони хориҷаи Қирғизистону Узбекистон дар ҳошияи Маҷмаъи дипломатии Анталия бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба то 2 миллиард доллар таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, вазирони хориҷаи Қирғизистону Узбекистон дар ҳошияи дуюмин Маҷмаъи дипломатии Анталия  бар тақвияти ҳамкориҳо дар қолабҳои дуҷониба ва чандҷониба таъкид карданд .
Дар ин дидор тарафҳо дар бораи мавзӯъоти муҳим дар дастури кори ҳамкориҳои Қирғизистону Узбекистону тавваҷуҳи вижае ироа карданд .
Руслан Қазоқбоев бо ишора ба лозимулиҷро шудани мувофиқатномаи байни Қирғизистону Узбекистон дар мавриди эҷоди сандуқи тавсеаи байни ду кишвар ва оғози иҷрои амалии он пешниҳод кард .
Ҳамчунин пӯёи таъомули фаъоли байни тарафҳо дар заминаи таъмини барқ аз Узбекистон ба Қирғизистон мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Дуюмин Маҷмаъи дипломатии Анталия  дар Туркия оғоз ба кор кард .
Ин маҷмаъ бо ҳузури Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри Туркия ва вузарои Туркия ва ҳамчунин намояндагони 75 кишвар аз ҷумла 17 раиси ҷумҳӯр,нахуствазир, 80 вазиру намояндагони 39 созмони байналмиллалӣ баргузор шуд .