Барқарории фаъолияти хутути автобусронии Узбакистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i82806-Барқарории_фаъолияти_хутути_автобусронии_Узбакистон_ва_Қазоқистон
Узбакистон ва Қазоқистон фаъолияти хутути автобусрониро барқарор мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 16, 2022 15:35 Asia/Dushanbe
  • Барқарории фаъолияти хутути автобусронии Узбакистон ва Қазоқистон

Узбакистон ва Қазоқистон фаъолияти хутути автобусрониро барқарор мекунанд.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати нақлиёти Узбакистон эълом кард, Узбакистон ва Қазоқистон фаъолияти хутути автобусрониро, ки ба сабаби густариши корона ду соли пеш мутаваққиф шуда буд, азсар мегиранд.

Масирҳои автобусронӣ байни Тошканд ва Нурсултон, Алмаато ва Қизилорда, Туркистон ва Иргели муҷаддадан роҳандозӣ мешавад.

Ҳамчунин ду хати автобусронӣ низ мусофиронро аз Чирчиқ ба Чимкент ва Алмаато мунтақил мекунад.

Дар ҳоли ҳозир Вазорати нақлиёти Узбакистон дар мавриди азсаргирии хутути автобусронии транзитӣ аз тариқи Қазоқистон ба Русия ва Қирғизистон низ гуфтугӯҳое анҷом медиҳад.

Интиқоли мусофир аз тариқи ҳамлунақли ҷодаӣ байни Узбакистон ва Қазоқистон 16 марти 2020 мелодӣ дар оғози густариши корона мутаваққиф шуд.