Таъкиди Туркманистон бар тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ
Март 20, 2022 12:44 Asia/Dushanbe
Намояндаи доими Туркманистон дар Созмони милал дар мизгирде бар тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзит таъкид кард.
Ба гузоиши Форс, Атагелди Халжанов, намояндаи доими Туркманистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женева, ҳамроҳ бо намояндагии доими Русия дар дафтари Созмони милал ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, мизгирде ба сӯрати видеоконфронс дар мавриди иртиботот ва ҳамлу нақли Авруосиё баргузор карданд.
- Намояндаи доими Туркманистон хотирнишон кард, роҳбурди ҳамлу нақли Туркманистон баландмуддат ва мубтанӣ бар истифодаи ҳаддиаксарӣ аз мазиятҳои ҷуғрофиёӣ, фурсатҳои лоҷистикӣ ва зерсохтҳои ҳамлу нақли васеъ бо аҳамияти минтақаӣ ва қорраӣ дар кишвар аст, ки барои хадамотрасонӣ, тарроҳӣ шудааст.
- Вай дар суханони худ изҳор кард: Туркманистон ба ҳамроҳи шарикони худ дар ҳоли иҷрои теъдоде аз пружаҳои бузурги байналмилалӣ дар минтақа аст. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар барои тақвияти ҳамкорӣ бо Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ низ талош мекунад ва ба таври ҳадафманду ҳамаҷониба таҷрубаи мушорикату ҳамкориро бо кишварҳое, ки шохисҳои иқтисодии онҳо мушобеҳи Туркманистон аст, баррасӣ хоҳад кард.
- Намояндаи доими Туркманистони хостори истифодаи муштараки бештар аз зерсохтҳои мавҷуди кишварҳо барои тавсеа ва иртиқои баҳраварии истифода аз коридорҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ шуд.
Бар асоси эъломи намояндагии доими Туркманистон дар дафтари Созмони милал дар Женева, дар маҷмуъ беш аз 70 намоянда дар ин конференс ширкат карданд.