Март 20, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Созмони Миллали Муттаҳид аз бозгушоии мадрасаҳои духтарона дар Афғонистон
    Истиқболи Созмони Миллали Муттаҳид аз бозгушоии мадрасаҳои духтарона дар Афғонистон

Созмони Миллали Муттаҳид аз тасмими Толибон мабни бар бозгушоии мадрасаҳо ба рӯи тамомои духтарон дар Афғонистон истиқбол кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз тарҳи бозгушоии мадрасаҳои духтарона дар Афғонистон аз сӯи Толибон дар соли оянда истиқбол кард.

Вазорати омӯзиши ҳукумати Толибон чанд рӯз пеш аз тарҳи бозгушоии мадрасаҳои духтарона дар Афғонистон хабар дода ва аз онҳо хост то дар мадрасаҳо ҷиҳати фарогирии дарсҳои худ ҳузур ёбанд.

Азиз Аҳмад Роён, сухангӯи ин Вазорат ба расонаҳо гуфт, ки тамомӣ мадрасаҳо ба рӯи духтарон ва писарон боз хоҳад шуд, аммо ин шуруъ ба ҷудо кардани синфҳои дарсии писарон ва духтарон ҳамроҳ хоҳад буд.

Толибон дар камтар аз як моҳ мешавад, ки дарвозаҳои донишгоҳҳоро бо тағироти бисёр ҷиддӣ ва шаройити вазъшуда барои духтарон мабни бар доштани ҳиҷоб ва дарс хондани онҳо дар синфҳои ҷудогонаро боз карда аст.

Тибқи системаи Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ҳар нимсоли таҳсили шомили чаҳор моҳ тадриси идомадор аст, аммо Толибон ин нимсоли таҳсилиро дар муддати як моҳ ба поён расонданд.

 

Барчасп