Март 26, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегуяд, кишвараш қодир аст ба ҳар рӯйдоде вокуниши муносиб нишон диҳад.

Қамчибек Тошиев гуфт, агар ногаҳон иттифоқе алайҳи кишвари мо рӯх диҳад, метавонем қотеъ посух диҳем.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир метавонем ва аз марзҳо муҳофизат кунем.

Тошиев ҳамчунин аз баргузории размоиш бо истифода аз паҳподҳои "Байрактар"-и харидорӣ шуда аз Туркия тайи 3 рӯзи оянда хабар дод. Вай ҳангоми таҳвили худравҳои зиреҳии ҷадид гуфт: "Мехоҳем тавоноиҳои низомии худро ба тамоми ҷаҳон нишон диҳем".

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳамчунин гуфт, 50 худрави зиреҳии "Тигр"-и харидорӣ шуда ва ба вазорати дифо ва Хадамоти марзии ин кишвар таҳвил мешавад.

 

Барчасп