Ноябр 23, 2016 16:53 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи тағйири номи

Намояндагони парлумони Қазоқистон тарҳеро пешниҳод доданд, ки бар асоси он номи шаҳри «Остона», пойтахти ин кишвар ба «Назарбоев» тағйир кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, намояндагони парлумони Қазоқистон имрӯз ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлоли ин кишвар пешниҳод карданд, исми «Остона» - пойтахти Қазоқистон ба «Назарбоев», аввалин раиси ҷумҳурии ин кишвар тағйир кунад.

Куниш Султонов - намояндаи парлумони Қазоқистон дар ин замина гуфт: Ба назари ман тағйири номи Остона ба Назарбоев - раиси ҷумҳурии аввали Қазоқистон, ки яке аз бунёнгузорони асли ин шаҳр маҳсуб мешавад, мантиқӣ аст.

Вай ин тарҳро пешниҳоди мардуми Қазоқистон донист ва афзуд: Намояндагони парлумон ҳам аз он ҳимоят кардаанд.

Дурин Абоев - вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон низ дар ин бора гуфтааст: Тасмими ниҳоиро дар ин маврид раиси ҷумҳурии ин кишвар хоҳад гирифт.

Шаҳри Остона дар соли 1830 Акмола ном дошт, дар соли 1961 ба Селиноград тағйири ном ёфт ва дар соли 1998 пас аз интиқоли пойтахт аз Алмаато ба ин шаҳр, Остона ном гирифт.

Остона дар забони қазоқӣ ба маънои пойтахт аст.

Чанде қабл раиси Бонки миллии Қазоқистон низ дар конфронси 25-солагии истиқлоли Қазоқистон пули миллии 10 ҳазор тангаиро бо тасвири Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯнамоӣ кард.