Апрел 05, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Маҳдуд шудани содирати орд ва гандум аз Қазоқистон

Вазорати кишоварзии Қазоқистон маҳдӯдиятҳои муваққатиро барои содироти гандум ва орд эъмол мекунад.

Ин тасмими мақомоти вазорати кишоварзии Қазоқистон дар бозори Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ербол Карашукеев, вазири кишоварзии Қазоқистон дар суханоне дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар иллати ин тасмимро назорат бар бозори хариду фурӯши орд ва гандум унвон кард.

Вай таъкид кард, Русия низ тасмим ба мамнуъияти содироти орд ва гандум гирифтааст ва Қазоқистон барои ҳифзи манофеи худ даст ба чунин иқдоме зад.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ҳамасола 50 дарсад аз 2 миллион тон гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Акнун қимати ҳар халта орди 50 килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба 330 сомонӣ афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки қаблан ин мизон 280 сомонӣ буд.

Қазоқистон дар соли 2021 беш аз 16 миллион тон гандум бардошт кард.

 

Барчасп