Баргузории нахустин нишасти гардишгарии «Узбекистонро кашф кунед»
(last modified Tue, 05 Apr 2022 09:36:08 GMT )
Апрел 05, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин нишасти гардишгарии «Узбекистонро кашф кунед»

Нахустин нишасти гардишгарӣ бо номи «Узбекистонро кашф кунед» баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, нахустин нишасти гардишгарии «Discovering Uzbekistan» (Узбекистонро кашф кунед) дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри «Самарқанд» баргузор шуд.

Дар ин нишаст намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ, ожонсҳои гардишгарӣ, дипломатҳо, намояндагони вазоратхонаҳо ва идороту расонаҳои гуруҳӣ ширкат карданд.

Раиси ширкати саҳҳомии «Узбекистон аэропортез» дар ин нишаст гуфт, ҳадаф аз баргузории ин нишаст гардишгарии муаррифии имконоти гардишгарӣ, ҷозибаҳои гардишгарии Узбекистон барои гардишгарони хориҷӣ, имконоти фурудгоҳҳои Узбекистону барномаи афзоиши теъдоди парвозҳо ба кишварҳои Аврупо, Осиё ва арабӣ аст.

Раъно Ҷӯраева афзуд, ҳар як аз устонҳои Узбекистон пур аз ҷозибаҳои гардишгарӣ, зиёратгоҳҳо ва амокини диданӣ аст.

Вай бо ишора ба нақши фурудгоҳҳо дар тавсеаи гардишгарӣ идома дод, ҳамакнӯн фурудгоҳҳо дар тавсеаи гардишгарии дохилӣ ва хориҷӣ аз нақши муҳимме бархӯрдор ҳастанд. Бад-ин далел мо дар ояндаи наздик дар масирҳои дохилӣ ва хориҷӣ теъдоди парвозҳоро афзоиш ва хадамоти бо кайфият ироа медиҳем.

Мо мехоҳем дар ояндаи наздик дар 40 масир дар минтақа парвозҳо дошта бошем. Ин амр мӯҷиби тавсеаи гардишгарии дохилӣ мешавад.

Дар идомаи ин нишаст намояндагони ширкатҳои гардишгарии манотиқи мухталифи Узбекистон ҷозибаҳои гардишгарии манотиқи худро рӯнамоӣ ва аз гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ барои сафар ба манотиқи худ даъват карданд.