Раиси Хадамоти марзбонии Қазоқистон барканор шуд
(last modified Thu, 07 Apr 2022 06:55:59 GMT )
Апрел 07, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Дар иттилоияи марбутаи бахши матбуотии раёсат ҷумҳурии  Қазоқистон ба далоили барканории ин мақоми низомӣ ишорае нашудааст
    Дар иттилоияи марбутаи бахши матбуотии раёсат ҷумҳурии Қазоқистон ба далоили барканории ин мақоми низомӣ ишорае нашудааст

Раисиҷумҳурии Қазоқистон бо судури фармоне раиси Хадамоти марзбонии ин кишварро барканор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Қосим  Жомарт Токаев раисиҷумҳурии Қазоқистон бо судури як фармон Дархон Дилманов муовини раиси Кумитаи Амнияти Милли, раиси Хадамоти марзбонии ин кишварро барканор кард.

Дар иттилоияи марбутаи бахши матбуотии раёсат ҷумҳурии  Қазоқистон ба далоили барканории ин мақоми низомӣ ишорае нашудааст.

Дилманов фориғутаҳсили Муасисаи фармондеҳии олии марзбонии кумитаи амнияти давлатии Иттиҳодияи Шуравӣ ва Академияи марзбонии Хадамоти амниятии федерали Русия аст.

Аз собиқаи фаъолият дар вазифаҳои аршади нерӯҳои марзбонии  Қазоқистон бархурдор буда ва аз соли 2015 масъулияти муовинати кумитаи амнияти миллии ва фармондеҳи Хадамоти марзбонии ин кмшварро бар уҳда дошт.

 

Бештар бихонед: