Апрел 09, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон рекорддори фурӯши тилло дар ҷаҳон

Бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло, Узбекистон дар феврали соли 2022 аз лиҳози фурӯши тилло дар ҷаҳон мақоми аввалро касб кард.

Ба гузориши Форс, бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), Узбекистон дар моҳи феврали соли 2022 аз лиҳози фурӯши тилло дар ҷаҳон мақоми аввалро касб кардааст.

Захоири тилло дар бонкҳои марказии ҷаҳон тайи як моҳ 6 тон коҳиш ёфтааст.

Узбекистон захоири тиллоро 22 тон то 339 тон коҳиш дода, ки поинтарин шохиси сатҳи захоири тилло аз моҳи декабри соли 2020 шудааст. Аммо ин дар ҳоле аст, ки тиллои боқимонда 59 дарсад аз захоири тилло ва арзи кишварро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, Бонки марказии Қатар 6 тон тилло, Қазоқистон 5 тон тилло фурӯхтааст, аммо Олмону Муғулистон захоири худро ба як тон коҳиш доданд.

Корхонаҳои пӯлоди Навоӣ ва Олмалиқ тавлидкунандагони тилло дар Узбекистон ҳастанд.

 

Барчасп