Ноябр 24, 2016 18:06 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсатҷумҳурии пеш аз муҳлат дар Узбакистон

Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Узбакистон оғоз шуд.

Ба гузориши сойти “Факт-хабар”, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон зудтар аз вақти муқаррарӣ баргузор мешавад. Шавкат Мирзиёев, нахуствазир, Ҳотамҷон Китмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов, раиси Ҳизби "Ҷунбиши миллии демократӣ" ва Наримон Умаров аз Ҳизби “Адолат” аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, ҳайати 17-нафараи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои назорат ба интихоботи риёсатҷмҳурии Узбакистон вориди Тошканд, пойтахти ин кишвар шуд.

Ба дунболи даргузашти Каримов ба иллати хунрезии мағзӣ дар дувуми сентябр дар Узбакистон тасмим гирифта шуд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии зудҳангом баргузор шавад. Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон чаҳоруми декабр баргузор шавад.