Апрел 17, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ахиран дар қолаби видио конфронси иҷлоси Кумитаи низомии паймони амнияти ҷамъӣ ҷаласае баргузор шуд
    Ахиран дар қолаби видио конфронси иҷлоси Кумитаи низомии паймони амнияти ҷамъӣ ҷаласае баргузор шуд

Вазорати дифоъи Қазоқистон эъзоми нерӯҳои ҳофизи сулҳ ба Украинаро такзиб кард

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар байёнияи Вазорати дифоъ Қазоқистон дар ин маврид омадааст: Ахиран дар қолаби видио конфронси иҷлоси Кумитаи низомии паймони амнияти ҷамъӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаи амнияти низомӣ дар ҳавзаи масъулияти ин Созмон, беҳбуди созукорҳои вокуниш ба бӯҳронҳои мусаллаҳи кишҳварҳои узви созмодиҳии парвозҳои байналмиллалии ҳавопаймоҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барраси шуд.

  • Ниҳоди дифоъии Қазоқистон дар идома хотирнишон кард, ки дар ҷараёнии ин нишасти мавзӯъи эъзоми нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои ширкат дар амалиёт низомӣ матраҳ нашуд.

Ин вазоратхона бори дигар дастуруламали эъзомии нерӯҳои ҳофизи сулҳи қазоқӣ барои анҷоми тааҳудоти байналмиллали барои ҳифзи сулҳ ва амният дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъиро тавзеҳ дод.

  • Бар асоси тавзеҳоти Вазорати дифоъи Қазоқистон, агар яке аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ мавридҳи ҳамлаи ҳар кишвар ё гурӯҳе аз кишварҳо қарори гиранд, ин иқлом бар алайҳи ҳама кишварҳои узви ин Созмон талақи мешавад. Дар сурати таҷовуз ба ҳар як аз давлатҳои узв, соири кишварҳои узв кумакҳои лозим аз ҷумла низомиро ба он ироа ва ҳамчунин бо истифода аз васоил ва абзорҳое, ки дар ихтиёр доранд, аз он ҳимоят хоҳанд кард.

Вазорати дифоъи Қазоқистон бо байёни ин матлаб хотирнишон кард, ҳеч дархосте барои эъзоми прансели низомии ин кишвар ба Украина ё ба кишвари дигаре дарёфт нашуда ва ин мавзӯъ дар дасти барраси ҳам нест.

 

Бештар бихонед:

Барчасп