Таҳлил: Қадрдонии Толибон аз кумакҳои Эрон
Муовини вазорати шаҳидон ва маълулони давлати муваққати Толибон дар Афғонистон аз кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардуми он кишвар қадрдонӣ кард.
Қорӣ Шоҳмуҳаммад бо ситоиш аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Эрон аз мардуми Афғонистон, хоҳони идомаи кумакҳо шуд.
Қадрдонии Толибон аз Эрон дар ҳоле аст, ки кумакҳои башардӯстонаи тозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хонаводаҳои шаҳидон, маҷрӯҳон ва маълулони инфиҷорҳои ахири террористӣ ба онон эҳдо шуд. Дар чаҳор даҳаи ахир Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шакли ҳамаҷониба аз мардуми Афғонистон дар баробари душманони хориҷӣ ва дохилӣ ҳимоят кардааст ва акнӯн низ бо пазироӣ аз миллионҳо паноҳҷӯи Афғонистон, нишон додааст, ки бо вуҷуди мушкилоте, ки худ ба далели таҳримҳои байналмилалӣ рӯбарӯ аст, ҳамвора дар канори мардуми Афғонистон қарор дорад.
Бино ба фармоишоти мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, "Ҷумҳурии Исломии Эрон тарафдори миллати Афғонистон аст, чаро ки давлатҳо ҳамчун гузашта меоянд ва мераванд, аммо миллати Афғонистон аст, ки боқӣ мемонад".
Бар ин асос, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тамоми имконоти лозим ҳам аз беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва иштиғолро дар ихтиёри паноҳҷӯён қарор додааст ва дар Афғонистон низ бо истимрори кумакҳои нақдӣ ва ғайри нақдии худ, талош кардааст аз мушкилоти мардуми Афғонистон бикоҳад.
Ғуломи Ҳабибҳисом аз коршиносони Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дар ин бора мегуяд: Кумакҳои имдодӣ ва башардӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон қобили тақдир ва ситоиш аст ва аз Ҳилоли Аҳмари ҳамаи кишварҳои исломӣ мкхоҳем ҳамкориҳои худро ба Афғонистону кумак ба ҳалли мушкилоти мардуми ин кишвар идома диҳанд.
Афғонистон на танҳо кишвари ҳамсоя, балкӣ ҷузъи ҳавзаи тамаддунии Эрон аст. Ба ҳамин далел, душманони мардуми Афғонистон ба хусӯс пас аз тасаллути муҷаддади Толибон бар ин кишвар, талошҳоеро барои эҷоди тазод миёни ду миллати Эрону Афғонистон пайгирӣ карданд, ки бо ҳӯшёрӣ ва басирати мардуми Афғонистон хунсо шу . Бидуни тардид, душманони мардуми Афғонистон хоҳони барқарории сулҳу субот ва амният дар ин кишвар нестанд ва манофеи шуми худро аз тариқи доман задан ба буҳрону ноамнӣ дар Афғонистон пайгирӣ мекунанд.
Filippo Grandi, комиссари Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри паноҳандагон, ки чандинбор ба Эрон сафар карда бар ин эътиқод аст, бо вуҷуди мушкилоте, ки ин кишвар аз назари масоили таҳримӣ рӯбарӯ аст, ҳамвора қадрдони кумакҳои Эрон ба мардуми Афғонистон ҳастем.
Дар ҳар ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон токунӯн аз ҳеҷ кумаке ба мардуми Афғонистон дареғ накарда ва ҳамвора ба унвони як роҳбурди усӯлӣ аз онон ҳимоят кардааст, ки мавриди таъкиди мақоми муаззами раҳбарӣ аст. Ончӣ бештар мӯҷиби нигаронии мардуми Афғонистон аст наҳваи тавзеи кумакҳо аст. Онон интизор доранд дастгоҳҳо ва авомили тавзеъкунанда, кумакҳои Эронро ба шакли одилона дар ихтиёри мардуми ниёзманд қарор диҳанд то кумакҳо ба дасти ниёзмандони воқеӣ бирасад ва аз бахше аз ранҷу мушкилоти онҳо бикоҳад.
Бештар бихонед:
- Тавзеъи кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон
- Ҳавопаймои кумакҳои беҳдоштии Эрон ба Кобул расид