Апрел 28, 2022 14:22 Asia/Dushanbe
  • Вай ибрози умедвори  кард, ки ҳамкориҳои ин кишвар бо Сандуқи Байналмиллалии Пул тақвият хоҳад шуд
    Вай ибрози умедвори кард, ки ҳамкориҳои ин кишвар бо Сандуқи Байналмиллалии Пул тақвият хоҳад шуд

Сандуқи Байналмиллали Пул дар назар дорад барои ислоҳи будҷа ва бознигарии сомонаи молиётӣ ба Туркманистон кумаки фаннӣ ироа кунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷаҳод Озур мудири бахши Ховармиёнаи ва осиёи Марказии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар нишаст бо Муҳаммадгелди Сардоров вазири дороӣ ва иқтисод, Мардон Палавонов муовини раиси Бонки Марказии Туркманистон ин мавзӯъро эълом кард.

Озур таъкид кард: Иқдоми муштарак дар ин росто бояд дар чорчӯби Иҷлоси солонаи Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки ҷаҳони бошад, ки ба таҳқиқи зарфият манобеъи азими Туркманистон кумак кунад.

  • Вазири дороӣ ва иқтисоди Туркманистон низ  ба ширкат кунандагон дар ин ҷаласа аз тавсиаи системи молӣ ва миллӣ, иқдомоти анҷом шуда барои тазмини амнияти ғизоӣ ва ҳифзи вазъияти иқтисодии босубот дар ин кишвар дар иртибот бо ҳамагирии вируси Корона хабар дод.

Вай ибрози умедвори  кард, ки ҳамкориҳои ин кишвар бо Сандуқи Байналмиллалии Пул тақвият хоҳад шуд ва ҳимоятҳои фаннӣ барои беҳбӯдии системаи ҳисобдории миллӣ, танзими сиёсатҳои пулӣ ва муҳосибаи шохисаҳои калони иқтисодӣ мутобиқ бо стандардҳои байналмиллали анҷом хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп