Исроил ғуддае дар пайкараи уммати исломӣ аст
(last modified Fri, 29 Apr 2022 15:19:33 GMT )
Апрел 29, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • Исроил ғуддае дар пайкараи уммати исломӣ аст

Сухангӯи Толибон бо баёни ин ки режими Исроил ғуддае дар пайкараи уммати исломӣ аст, бар мавзеи давлати муваққати Афғонистон бар ба расмият нашинохтани режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо изҳори мавзеи ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар бораи масъалаи Фаластин гуфт, Исроил режими номашруи саҳюнистист ва мо ҳечгоҳ онро ба расмият намешиносем.

Вай гуфт, Исроил ғуддае дар пайкараи уммати исломӣ аст, Қудс қазияи муштарак миёни мусулмонон аст ва ҳамаи мусулмонон бояд дар атрофи он муттаҳид шаванд.

Муовини Вазорати иттилооту фарҳанги Толибон дар идома низ бо интиқод аз тасмими Амрико барои ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил гуфт, ин иқдом алайҳи тамоми уммати исломӣ ва гоме пур аз таассубу дур аз ақл буд.

Суҳайли Шоҳин, сухангӯи хориҷии Толибон дар Қатар ва намояндаи пешниҳодшуда барои курсии Афғонистон дар Созмони Милал низ бо таъкид бар иртибот надоштан бо режими саҳюнистӣ гуфт: Мо дӯст дорем бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя ва ҳамин тавр кишварҳои осиёӣ иртибот дошта бошем, аммо Исроил байни ин кишварҳо нест ва қатъан ҳеҷ робитае бо онҳо нахоҳем дошт.

Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар низ бо таъкид бар ин ки Афғонистон ҳеҷ ниёзе барои барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ надорад, гуфт: Ҳеҷ чизе вуҷуд надорад, ки моро ба Исроил муртабит кунад ва ниёзе ба ин робита надорем.