Баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи қонуни асосӣ дар Қазоқистон
(last modified Sat, 30 Apr 2022 05:26:02 GMT )
Апрел 30, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи қонуни асосӣ дар Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон аз баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи қонӯни асосӣ дар ин кишвар хабар дод.

Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар конгресси Маҷмаи мардуми кишвар дар мавриди баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи қонуни асосӣ хабар дод.

Бинобар суханони вай, тағйирот дар Қонӯни асосии Қазоқистон моҳияти бунёдӣ дошта ва низоми сиёсии ин кишварро ба таври комил тағйир медиҳад.

Вай афзуд, мо дар ҳоли ҳаракат ба самти як модели давлати ҷадид, як қолаби ҷадиди таъомул байни давлат ва ҷомеъа ҳастем. Ин интиқоли кайфиро метавон ҷумҳурии дувум номид.

Тоқаев афзуд, як гурӯҳи корӣ ислоҳотеро дар модаи 33 қонӯни асосӣ, ки як сеюми кулли қонӯни асосӣ аст, омода кардааст.

Феълан таърихи дақиқи баргузории ҳамапурсӣ мушаххас нест, аммо тибқи қонунгузории Қазоқистон, ҳамапурсӣ на камтар аз як моҳ ва на бештар аз се моҳ баъд аз эъломи раъйгирӣ баргузор мешавад.

Бештар бихонед: