Май 02, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Карзай аз кумакҳои Эрон ба мардуми Афғонистон

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон аз ҳамкориҳо ва кумакҳои кишварҳои ҳамсоя ва Ҷумҳурии исломии Эрон ба мардуми Афғонистон барои убур аз мушкилоти кунунӣ қадрдонӣ кард.

Ҳомид Карзай асри рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, иди саиди Фитрро ба миллату давлати Эрон ва ӯ табрик гуфт.

Дар ин тамоси телефонӣ Ҳомид Карзай бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, зимни маҳкум кардани терроризми кӯр, ки мардуми бегуноҳро ҳадаф қарор дода, ояндаи Афғонистонро дар ҳамкорӣ ва ҳамроҳии тамоми ақвому ақшори мухталифи мардуми Афғонистон бо якдигар дониста, аз ҳамкориҳову мусоидатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо мардуми Афғонистон ҷиҳати убур аз мушкилоти кунунӣ ташаккур кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин гуфтугӯ зимни табрики мутақобили иди саиди Фитр ба Ҳомиди Карзай, масъулон ва тамоми мардуми Афғонистон, аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони сарбаландӣ, рифоҳ ва шодии мардуми Афғонистон шуд.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, бо суръат бахшидан дар раванди ташкили давлати фарогир ва мубориза бо терроризм, заминаҳои ҳамкории Афғонистон бо ҳамсоягон ва дигар кишварҳои минтақа густариш ёбад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп