Таҳлил: Худдории Узбакистон аз боз пас додани ҳавопаймоҳои низомӣ ба Афғонистон
Бо дахолати кишварҳои хориҷ аз минтақа ва фишорҳои бегонагон, ба назар мерасад Узбакистон ва Толибон дар ҳоли нобудии дастовардҳои ноши аз ройзаниҳои намояндагони худ дар ҳашт моҳи гузашта ҳастанд.
Ба рағми музокиротҳои созандаи ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ҳаммарз бо Афғонистон ба вижа Узбакистон бо Толибон, мақомҳои Тошканд ба дархости ахири Толибон мабни бар истердоди ҳавопаймоҳо ва болгардҳои Афғонистон, вокуниши тунд ва манфӣ нишон додаанд. Дар ҳамин иртибот Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри узбакистон дар умури Афғонистон, эълом кард: Давлати Тошканд барнормае барои бозгардондани ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомӣ ба Кобул надорад.
Ин мақоми баланпояи Тошканд, ҳамчунин эълом кард: Суҳбат аз 22 фарванд ҳавопаймо ва 24 фаванд болгард аст, ки низомиёни афғон дар моҳи сентябри соли гузаштаи мелодӣ ва пас аз ба қудрат расидани Толибон ба Узбакистон мунтақил карданд.
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри Узбакистон гуфтаасст: Ҳазинаи ин ҳавопаймоҳо ва болгардҳоро давлати Амрико пардохт кардааст ва давлати Узбакистон ин таҷҳизоти низомиро бар асоси тавофуқ бо Амрико нигаҳдори мекунад ва дар ин маврид ба Толибон низ иттилоъ расонӣ шудааст.
Ин изҳороти мақомоти давлати Тошканд дар ҳоле аст, ки давлати Амрико дар маврди сарнавишти ин ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомӣ тасмимгирии ниҳоӣ иттихоз накардааст.
Дар рӯзҳои поёнии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон, ки дар моҳи увгусти соли гузаштаи мелодӣ аз ин кишвар фарор кард ва мардумро дар баробари Толибон танҳо гузошт, ба дастури Амрико низомиёни афғон ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низоми ин кишварро ба Узбакистон ва Тоҷикистон мунтақил карданд. Дар маҷмӯъ 40 фарванд ҳавопаймо ва 24 фарванд болгарди низомии мутаълиқ ба аритиши Афғонистон ба Узбакистон ва Тоҷикистон мунтақил шуд.
Аз ибтидои соли ҷории мелодӣ, музокироте байни намояндагони Толибон ва давлатҳои Узбакистон ва Тоҷикистон анҷом шудааст. Дар ин замина дар ибтидои моҳи январ мавлавӣ Муҳаммад Яқуби Муҷоҳид сарпарасти Вазорати дифои давлати Толибон зимни дархост аз Узбакистон ва Тоҷикистон барои базгардондани ҳавопаймоҳои низомӣ, таъкид кард: Толибон иҷоза нахоҳад дод ин ҳавопаймоҳо дар хориҷ аз Афғонистон боқи бимонад ё тавассути ин кишварҳо мавриди истифода қарор бигиранд.
Тасмимгирии ахири давлати Узбакистон дар қиболи дархости Толибон дар ҳоле аст, ки мақомҳои Тошканд пеш аз ин ҳамвора нигарониҳои худро дар заминаи эҳтимоли ташдиди ноамниҳо дар марзҳои Узбакистон ва Афғонистон иброз медоштанд. Бадеҳи аст, ки бо вуҷӯди гумонзаниҳо Осиёи Марказӣ , тасмими ахири давлати Тошканд ба зиёни миллатҳои минтақа хоҳад буд. Онҳам дар шароити феъли, ки фаъолиятҳои гурӯҳи такфирии террористии ДОИШ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст ва Толибон ба таслиҳоти интиқолии ин кишвар ба бархе аз ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ ниёзи шадиде дорад.
Инфиҷори ахир дар масоҷиди шиаён ва аҳли тасаннун дар Афғонистон тавассути гурӯҳи террористи ДОИШ сурат гирифтааст ва тардиде нест, ки Амрико ва бархе аз муттаҳидони аврупоияш дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ-НАТО, ба манзури эҷоди бе суботӣ дар минтақа аз ҳеҷ талоше фуругӯзор намекунад.
Дар воқеъ Толибон дар шароити феъли ба сахтафзорҳои анбор шудаи Афғонистон дар Узбакистон ва Тоҷикистон ниёз дорад ва ба манзури нишондани таҳдидҳои ҷараёни террористии ДОИШ, ки мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш ҳастанд, ниёз дорад.
Ба назар мерасад дар ин шароит, тавлатиҳои Осиёи Марказӣ ба вижа Узбакистон, ки ҳамвора бар ҳамкори бо Толибон барои аз байн бурдани таҳдидҳо ва заминаҳои ноамнӣ, таъкид кардаанд, мавзеъгирии ахир қобили таҳамул аст. Тардиде нест, ки бо хурӯҷи Амрико ва нерӯҳои хориҷи НАТО аз Афғонистон ҳамсояҳои ин кишвар аз эҳтимоли кашонда шудани ҷанг ва ноамнӣ ба хокашон ба шиддат нигарон будаанд.
Бо вуҷӯди ин коршиносони наздик ба Толибон аз тағири мавозеъи ин гурӯҳ изҳороти созандае матраҳ карданд. Ба унвони мисол, мавлавӣ Наъимулҳақ Ҳаққонӣ коршиноси барҷаста ва машҳури умури Толибон бо таваҷҷӯҳ ба гумозаниҳои давлати мувақати Толибон бо кишварҳои ҳамсояи Афғонитон гуфтааст: Имороти Исломӣ бештар аз гузинаи ҷанг бар гузинаи сулҳ ва музокирот таъкид дорад, албатта ин амр ба тарафҳои муқобил низ бастагӣ дорад, ки то чӣ андоза ҳақоиқи майдониро дарк кунанд ва бар асоси он тасмим бигиранд.
Тардиде нест, ки Арико ва мутаҳидонаш бо хурӯҷи якбора аз Афғонистон ба сурати амди заминаҳои эҷоди таҳдид алайҳи давлатҳои минтақаро фароҳам кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки намояндагони Толибон борҳо бар ҳалли мушкилоти Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя бар асоси тавофуқ ва музокира таъкид ва эълом кардаанд, ки мавозеъи худро ислоҳ кардаанд.
Музокираи созандаи намояндагони ин гурӯҳ бо давлати Узбакистонро бояд аз ҷумлаи намунаҳои тағир мавозеъи Толибон қаламдод кард. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеъиятҳо, бадеҳи аст, ки тасмими ахири давлати Узбакистон метавонанд тамоми дастовардҳои як соли гузашта намояндагони дутарафро бар бод диҳад.
- Коршиносон мегӯянд, баъид нест, ки тасмими ахири толибон таҳти фишорҳои бегонагон ва мудохилоти Амрико иброз шуда бошад.
Дар ҳоле, ки Толибон дар Кобул мустақар шудааст ва дар раси қудрати сиёсии Афғонистон қарор дорад, аз давлатҳои минтақа интизор дорад, ки ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии Афғонистонро ба ин кишвар бозгардонад. Тасмим мусбати давлати Тошканд метавонад дар ростои тавофуқҳои дутараф ва азми ин кишвар барои поён додани мушкилоти фазояндаи мардуми Афғонистон бошад.
Бештар бихонед: