Мухолифати Назарбоев бо тағйири номи Остона
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бо тағйири номи шаҳри Остона мухолифат кард.
Ба гузориши ИРНА, дар пайи тасмими парлумони Қазоқистон барои тағйири номи шаҳри Остона ба номи раисҷумҳури ин кишвар Назарбоев дар мусоҳибае гуфт, ҳама Остонаро мешиносанд, номи Остона намоду рамзи миллӣ аст, бинобар ин барои тағйири исми пойтахт ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.
Рӯзи 23-юми ноябр аъзои парлумони Қазоқистон бо тасвиби тарҳе эъломи тағйири номи Остона ва чанд макони дигари ин кишварро ба номи Назарбоев тасвиб карданд.
Назарбоеви 76-сола аз соли 1989 то кунун дар Қазоқистон сари қудрат аст. Соли 2010 парлумони Қазоқистон ба раисҷумҳур унвони элбошӣ ё раҳбари миллатро эъто, ҳамчунин худи ӯ ва аъзои хонаводаашро ба сурати доимӣ аз таъқиб истисно кард.
Ин тарҳ бо вуҷуди мухолифати расмии Назарбоев тасвиб шуд.