Даргирии Толибон дар наздикии навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i85430-Даргирии_Толибон_дар_наздикии_навоҳии_марзии_Тоҷикистон_бо_Афғонистон
Гуруҳи Толибон бо яке аз гуруҳҳои дигари террористӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон даргир шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 09, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Даргирии Толибон дар наздикии навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Гуруҳи Толибон бо яке аз гуруҳҳои дигари террористӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон даргир шуд.

Ба гузориши «Ховар», маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори иттилоияе эълом кард, ки соати 11 : 45 дақиқаи 7 май байни Толибон ва як гуруҳи мусаллаҳи террористии байналмилалӣ даргирии мусаллаҳона рух дод, ки якуним соат идома дошт.

Дар ин иттилоия омадааст, манотиқи даргирӣ дар наздикии навоҳии марзии Тоҷикистон буд.

То кунун талафоти ҷониву хисороти молӣ аз ин даргирӣ гузориш нашудааст.

Маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон босубот ва ором аст.