Май 16, 2022 09:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои умури хориҷаи Қирғизистон ва Узбакистон дар Душанбе

Вузарои умури хориҷаи Қирғизистон ва Узбакистон дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе бо якдигар дидор ва дар мавриди таъмиқи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе дидоре байни Жээнбек Кулубоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон баргузор шуд.

Тарафайн дар ин дидор дар бораи мавзуоти муҳими дар дастури кори ҳамкории Қирғизистону Узбакистон, чашмандози таъмиқи мушорикати роҳбурдӣ ва иҷрои тавофуқоти қаблӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин бар лузуми такмили раванди музокирот дар мавриди таҳдиди ҳудуду таъйини марзи давлатии Қирғизистону Узбакистон дар зудтарин фурсат таъкид шуд.

Тарафайн омодагии мутақобили худро барои густаришу таъмиқи бештари равобити Қирғизистону Узбакистон бар асоси дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мушорикати роҳбурдӣ ва ҳамчунин созмондеҳии дидорҳо дар сутуҳи олӣ иброз карданд.