Июл 27, 2016 09:11 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Қирғизистон: Туркия дар умури дохилии мо дахолат накунад

Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар баёнияе мавзеи ахири вазири умури хориҷаи Туркияро талош барои мудохила дар умури дохилии ин кишвар арзёбӣ кард.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дархости Туркия барои бастани мадориси вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар ин кишварро муғойир бо урфи дипломатӣ ва ҳусни ҳамкориҳои ин ду ҷумҳурӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории давлатии Қирғизистон (КИРТАГ ), Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар баёнияе мавзеи ахири вазири умури хориҷаи Туркияро талош барои мудохила дар умури дохилии ин кишвар арзёбӣ ва тасреҳ кардааст: "Истифода аз забони таҳдид ва таъйини зарбулаҷал барои таътилии мадориси вобаста ба Гулен дар Қирғизистон дахолати ошкор дар масоили дохилии ин кишвар аст".

Дар ин баёния дар айни ҳол тасреҳ шудааст, ки Қирғизистон авзои Туркияро пас аз кудатои нофарҷоми ахир ва иқдомоти давлати Анкараро барои одисозии шароити амниятӣ дарк мекунад.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон бо ишора ба ин ки ин кишвар ба доштани равобити дӯстона бо Туркия ифтихор мекунад ва хоҳони барқарории субот ва амният дар ин кишвар аст, меафзояд: "Бо ин ҳол Қирғизистон кишваре мустақил аст, ки суду зиёни худро ташхис медиҳад".

Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар рӯзҳои ахир мамнуияти фаъолияти муассисоти омӯзишии мутааллиқ ба Гуленро аз давлати Қирғизистон хостор шуда ва гуфта буд, созмонҳои таҳти сарпарастии Гулен бо нуфуз дар Қирғизистон ба дунболи такрори сенарияи кудато дар ин кишвар ҳастанд.

Барчасп