Тошканд мизбони Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ
(last modified Wed, 18 May 2022 09:47:12 GMT )
Май 18, 2022 14:47 Asia/Dushanbe
  • Тошканд мизбони Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ

Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ дар шаҳри Тошканд барпо шуд.

Намоишгоҳ дар чорчӯби иҷрои фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар хусуси танаввуъбахшӣ ба хадамоти гардишгарии дохилӣ баргузор шуд.

Имсол дар ин намоишгоҳ намояндагони созмонҳои гардишгарии Узбакистон ва тамоми ҷаҳон ширкат карданд.

Дар ин намоишгоҳи гардишгарӣ беш аз 90 ширкати дохиливу хориҷӣ аз 10 кишвар, аз ҷумла намояндагони санъати гардишгарӣ аз Олмон, Австрия, Испания, Чехия, Эстония, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур пайдо карданд.

Абдулҳакимов, муовини нахуствазир ва вазири гардишгарии Узбакистон афзуд, имрӯз шаҳрвандони беш аз 99 кишвари ҷаҳон метавонанд бидуни раводид ба Узбакистон сафар кунанд, ки дар натиҷа теъдоди гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.