Май 21, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши аъзои Сомзони паймони амнияти ҷамъӣ
    Баргузории размоиши аъзои Сомзони паймони амнияти ҷамъӣ

Кишварҳои узви СПАД дар 3 кишвари Осиёи Макарзӣ размоиши низомӣ баргузор хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард кишварҳои узви СПАД дар фасли тирамоҳи соли 2022 чандин размоиши муштарак дар хоки Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳанд кард.

Вай дар иҷлоси солгарди ин сомзон дар Маскав хотирнишон кард, кишварҳои узви СПАД қасд доранд маҷмуъаи комили аз размоишҳои муштаракро дар тирамоҳи соли 2022 баргузор кунанд.

Ба гуфтаи вай ин размоишҳо дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Русия ибрози итминон кард, ки ин иқдомот дар хидмати афзоиши омодагии размӣ, сатҳи ҳамоҳангии сохторҳои низомии кишварҳои мо ва ба таври кулли потонсели ҳифзи сулҳи созмон хоҳад буд.

Охирин размоиши ин созмон тирамоҳи соли гузашта дар Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он размоиш гуруҳҳои низомӣ ва гуруҳҳои амалиётии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ситоди муштарак ва дабирхонаи созмон, воҳидҳои Вазорати умури дохила, нерӯҳои миллии горд, Вазорати шароити изтирори ва сервиси марзии кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ширкат карданд.

 

Барчасп