Май 23, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қазоқистону Чин барои мубориза бо нақлу интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ

Ҳамкории ниҳодҳои гумрукии Қазоқистону Чин барои ҷилавгирӣ аз ҷобаҷоии ғайриқонунии маводи ҳастаӣ тақвият мешавад.

Ба гузориши “Форс”, порлумони Қазоқистони лоиҳаеро тасвиб кард, ки бар асоси он ҳамкории ниҳодҳои гумрукии ин кишвар ва Чин дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҷобаҷоии ғайриқонунии маводи ҳастаӣ тақвият мешавад.

Ерулан Жамаубоев, вазири дорои Қазоқистон зимни суханоне дар порлумон гуфт: Тасвиби ин мувофиқатнома имкони густаришу таъмиқи ҳамкории байни тарафайн дар заминаи гумрук, ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷобаҷоии ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, радиоактивӣ, партоби радиоактив ва ақломи хатарноки ташаъшуъот, аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаи муаррифии фанновариҳои модерн, баргузории тамриноти муштарак ва семинарҳои омӯзиширо фароҳам мекунад.

Вай афзуд, дар сурати риоят накардани илзомоти қавонини тарафайн дар мавриди ҳамлунақли колоҳову васоили нақлия дар заминаи ташаъшуот беш аз ҳинҷорҳои таъйиншуда дар кишвари воридотӣ, содироти ин колоҳо ба қаламрави тарафи муқобил муҷоз нест.

 

Барчасп