Рафъи монеъаҳои тиҷорат дар бозорҳои дохилии муҳимтарин хости сарони Авруосиё
(last modified Sun, 29 May 2022 06:26:15 GMT )
Май 29, 2022 11:26 Asia/Dushanbe
  • Рафъи монеъаҳои тиҷорат дар бозорҳои дохилии муҳимтарин хости сарони Авруосиё

Дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ба раёсати Қирғизистон бар рафъи мавонеъ дар бозори дохилии иттиҳодия таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон, Александр Лукашенко,Қосимжомарт Тақоев,Владимир Путин, Мигел Диас-Канел, Шавкат Мирзиёев-руасои Ҷумҳурии Беларус,Қазоқистон,Русия, Куба, Узбекистон ва Михаил Мясникевич-раиси ҳайати мудираи камиссиюни иқтисодии Авруосиё ширкат карданд .
Дар ин нишаст барои сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар мавриди иҷрои дастуруламалҳои стратегӣ барои тавсеаи якпорчагии иқтисодии Авруосиё то соли 2025 пас аз натоиҷи соли 2021, гузориш ироа шуд .
Ҳамчунин дар мавриди иҷрои дастуруламалҳои аслии фаъолиятҳои байналмилалии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар соли 2022 гузорише таҳия шуд . Нишасти баъдии Шӯро декабри 2022 дар Бишкек баргузор мешавад .