Май 30, 2022 12:22 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Амрико ба имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ бо Қирғизистон

Дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гуфт, тавофуқномаи ҷадиди ҳамкорӣ байни Амрико ва Қирғизистон омода шудаву мунтазири имзои он ҳастем.

Ба гузориши “Форс”, Доналд Лу, дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва сафири собиқи Амрико дар Бишкек хотирнишон кард, ки тавофуқномаи ҷадиди ҳамкорӣ байни Амрико ва Қирғизистон омодаи имзо аст.

Вай дар бораи натоиҷи ин дидорҳо гуфт: Мо тавофуқномаеро омода кардаему мунтазири имзои он ба зудӣ ҳастем. Вазири хориҷаи ҷадиди Қирғизистонро ба Вашингтон даъват кардаем ва Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи кишварамон муштоқона мунтазири ин дидор аст.

Доналд Лу дар моҳи майи соли 2021, қабл аз поёни маъмурияти диплуматии худ дар Қирғизистон, ки тақрибан 3 сол бар рӯйи тасвиби як тавофуқномаи ҷадид кор мекард, поёни музокирот дар мавриди масоили фанниро эълом ва хотирнишон кард, ки имзои ин тавофуқ бастагӣ ба иродаи сиёсии Бишкек ва Вашингтон дорад.

Гуфта мешавад эҳтимолан сафири собиқи Амрико дар даврони ҳузури худ дар Қирғизистон тазминҳое барои имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ байни ду кишварро гирифта бошад.

 

Барчасп