Ноябр 27, 2016 20:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Мақомҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар музокироте дар Душанбе, бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва барқарории амният дар Афғонистон таъкид карданд.

Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор, тарафайн дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин авзои Афғонистон ва минтақа баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон пешниҳод кард, дар ҷиҳати беҳбуди авзои Афғонистон ва кумак ба иқтисоди ин кишвар, Тоҷикистон ва Қазоқистон бо густариши шабакаи ҳамлу нақл, эҷоди зерсохтҳои энержӣ ва омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи Афғонистон, тарҳҳои муштараке ироа кунанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор бо муҳим хондани муносиботи кишвараш бо Қазоқистон, хостори густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва омӯзишӣ шуд ва бар зарурати ҳамоҳангии бештар миёни Душанбе ва Остона барои истиқрори оромиш дар Афғонистон таъкид кард.

Ҷудо аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба, сафари вазири умури хориҷаи Қазоқистон ба Душанбе ва дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон нишондиҳандаи аҳаммияти барқарории амният дар Афғонистон ва нигаронӣ аз рушди ифротгарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Пеш аз ин низ шуморе аз мақомҳои баландпояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамчунин масъулони кишварҳои мустақили муштаракулманофеи Ҳамсуд ба ҳамин манзур ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар кардаанд. Дар ҳар ду кишвар тамоюлоти ифротгароёна вуҷуд дорад ва Тоҷикистон ба иллати бархурдорӣ аз марзи муштараки тӯлонӣ бо Афғонистон дар маърази таҳдидҳои ношӣ аз интиқоли ноамниҳо аз ин кишвар қарор дорад. Анҷоми ин сафарҳои пай дар пай ва таъкид бар ҳифзи оромиш дар минтақа, нишондиҳандаи ҳассос будани вазъияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, дар маърази таҳдид будан ва таъсирпазирӣ аз вазъияти Афғонистон аст. Дар айни ҳол, ҳузури шуморе аз вобастагон ба фирқаи гумроҳи ваҳҳобият ва бозуи низомии ин фирқа яъне гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бавижа Тоҷикистон сабаби афзоиши нигарониҳо шудааст.

Бадеҳӣ аст, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба тақвияти созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ хоҳад анҷомид. Ҳар ду кишвар узви созмонҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодии Ехо, Созмони ҳамкории исломӣ OIC, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанҳай ва Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ ҳастанд. Ба ҳамин далел, ҷудо аз аҳдофи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ дар сафарҳои мутақобили ду кишвар, ингуна сафарҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои чандҷонибаи минтақаӣ низ ҳоизи аҳаммият аст.