Сафари Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Узбакистон
-
Узбакистон аз соли 1992 узвӣ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст
Дабири кулли Созмони амнияти Аврупо ва вазири умури хориҷаи Лаҳситон ба Узбакистон сафар мекунад.
Ба гузориши Садои Хуросон, Зебингню Рау Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкориии Аврупо ва вазири умури хориҷаи Лаҳистон 2-уми июн ба Узбакистон сафар мекунад.
Ӯ дар ин сафар бо мақомоти парлумон ва Вазорати умури хориҷа дидор мекунад ва масоъили рӯзи ҳамкориҳои мутақобили Узбакистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва равобити дуҷонибаи Тошканд-Варшава барраси хоҳад кард.
Зебингню Рау бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳӯр, Владимир Норов сапарасти Вазорати умури хориҷа ва Тензило Норбоево раиси маҷлиси Сано ва Нуриддинҷон Исмоилов раиси Маҷлиси олии Узбакистон низ дидор мекунад.
Узбакистон аз соли 1992 узвӣ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст.