Июн 08, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Саъудӣ бо раиси Ҷумҳурии Қазоқистон
    Дидори вазири умури хориҷаи Саъудӣ бо раиси Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар дидори вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ бо раиси Ҷумҳурии Қазоқистон чашмандози тавсеаи равобити байни ду кишвар бо тамаркуз бар тақвияти равобит дар заминаҳои мухталиф барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Файсал ибни Фарҳон оли Саъуд, вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ, ки дар сафари расми вориди Қазоқистон шуд бо Қосим Жормат Токаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот дурнамои тавсеаи равобити ду кишвар бо таъкид бар тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардустона баҳсу барраси шуд.

Токаев  дар суханоне гуфт: Ду кишвар пайваста дар ҳоли тавсеаи гуфтугӯи сиёсӣ бо роҳи дусти ва эътимоди мутақобил бар асоси арзишҳои муштарак аст.

Вай омомдагии кишварашро барои идомаи ҳамкори бо Молик Салмон ибни Абдулазиз ва ибни Салмон валиаҳди саъудӣ эълом кард.

Токаев дар идома бар фарсатҳои сармоягузории матлуб барои иҷроӣ тарҳҳои муштарак дар Қазоқистон дар заминаҳои кишварзӣ, саноати кимёи, гардишгари, маъдан ва метоложи ва молӣ тамаркуз ва бар аҳамияти ташдиди фаъолияти комисионҳои байни давлати ва шӯрои бозаргонии ду кишвар таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин омодагии худро барои эъзоми ҳайати муташакил аз намояндагони давлати кишвараш ба Риёз барои анҷоми музокироти марбута эълом кард.

Токаев дар бахши дигар аз раёсати Арабистони Саъудӣ барои эҷоди шароити лозим ва меҳмонавозии суннати аз зоирони қазоқ дар Мака ва Мадина ташакур кард.

 

Барчасп