Июн 11, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон ва Чин бар тавсеаи мушорикати роҳбурди
    Таъкиди Қазоқистон ва Чин бар тавсеаи мушорикати роҳбурди

Дар дидори раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо вазири хориҷаи Чин бар тавсеаи мушорикати роҳбурди таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар дидори Қосим Жормат Токаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вонг Йи, вазири хориҷаи Чин, ки ба Нурсултон сафар карда аст дар масоили муҳими минтақави ва байналмиллалӣ табодули назар шуд.

  • Токаев зимни арзёбии мусбат аз сатҳи мушорикати стратегии байни ду кишвар, алоқаи мустамари Қазоқистон ба таъмиқи ҳамкории ҷоъмеъи дуҷониба бо Чин такъид ва ибрози итминон кард, ки сафари барномарезишудаи Ши Ҷин Пинг, раиси Ҷумҳурии Чин ба Нурсултон, ки қарор аст тирамоҳи имсол баргузор шавад, ангезаи ҷадиди ба тавсеаи равобити ду кившар хоҳад дод.
  • Вай дар бахши дигар аз тарафи чинӣ барои даъват дар гуфтугуи зиндаи сатҳи боло Брикс Плос ба раёсати Чин, ки ба эҷоди мушорикати ҷаҳонӣ барои тавсе дар арсаи ҷадид ихтисос дорад, қадрдонӣ кард.
  • Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон зимни ибрози ҳимояти кишварат аз ибтикороти ироа шуда тавассути раиси Ҷумҳурии Чин дар заминаи амнияти ҷаҳонӣ ва тавсеа гуфт: Иҷрои он фиқдони ҳоди амният ва эътимод дар равобити байналмиллалиро коҳиш ва ҳамчунин ба иҷрои ҳадафҳои тавсеаи пойдори Созмони Миллал то соли 2030 кумак мекунад.

Вонг Йи низ ба навбаи худ тарафи қазоқиро бо баргузории мувафақиятомези ҳамапурси табрик гуфт ва баён кард, ки иқдомоти анҷомшудаи таҳти раёсати Токаев барои навсозии ҳамаҷонибаи Қазоқистон аз густардатарин ҳимояти шаҳрвандон бархурдор, барои сохти Қазоқистони ҷадид бисёр муҳим ва пояи муҳкам барои тавсеаи ояндаи ин кившар эҷод мекунанд.

Вазири хориҷаи Чин дар бахши дигар гуфт: Пекин ба таври кмоил аз ибтикори Токаев дар заминаи сохти як Қазоқистони ҷадид ҳимоят ва дар амри иҷрои ҳадафҳои пешрав барои вай орзуи мувафақият мекунад.

Дар ин дидор дар мавриди масоили муҳими дастури кори минтақави ва байналмиллалӣ табодули назар ва талоши мутақобили ду тараф барои идомаи ҳамкори дар арсаҳои байналмиллалӣ аз ҷумла аз тариқи СММ, СҲШ, Канфронси таъомул ва эътимодсози дар Осиё ва СҲИ таъид шуд.