Тарҳи ТАПИ то 6 моҳи дигар дар Ҳирот оғоз хоҳад шуд
Раиси пружаи ТАПИ-ии кишвари Туркманистон гуфт : Мақомҳои ин кишвар фақат мунтазири итмоми ихтисоси заминҳо дар масири иҷрои тарҳ ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, барои аввалин бор пружаи ТАПИ дар ҳукумати гузашта бо ҳузури раисони ҷумҳӯри кишварҳои Афғонистон,Ҳинд,Покистон ва Туркманистон ифтитоҳ шуд ва қарор буд то пас аз ихтисоси замин дар масири пружаи ТАПИ дар хоки Афғонистон кори амалии он оғоз шавад, аммо ин пружаи ҳаётӣ пас аз ифтитоҳ танҳо рӯй коғаз боқӣ монд ва кори амалӣ сурат нагирифт.
Дафтари матбӯотии волии Ҳирот эълом кард, ки дар дидори ахири масъӯлони кишвари Туркманистон бо волии Ҳирот қарор аст то кори амалии пружа ба зӯдӣ оғоз шавад .
Муҳаммадмурод Амонов-раиси иҷроияи пружаи ТАПИ дар ин дидор бо ишора ба инки масъӯлони туркманистонӣ омода ҳастанд то ҳарчӣ зӯдтар пружаи ТАПИ-ро оғоз кунанд гуфт : Қарор аст то 6 моҳи дигар хати лӯлаи гази Туркманистон ба Афғонистон кашида шавад ва Туркманистон омодааст то ҳарчӣ зӯдтар ин пружаро амалӣ кунад .
Аз сӯи дигар Хоҷа Авазов-сафири кишвари Туркманистон дар ин маврид гуфт : Дар соли ҷорӣ ТАПИ аз сӯи масъӯлони Туркманистон амалӣ хоҳад шуд ва дар канори ин пружа то кунун баррасиҳо барои кашидани хати лӯлаи газ ба шаҳраки саноъатии Ҳирот сурат гирифтааст .
Вай тасреҳ кард : Тарафи Афғонистон бояд кори заминҳоро бо дар назардошти стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом диҳад .
Мавлоно Нуриддин Аҳмади Исломҷор-волии Ҳирот дар ин мулоқот низ бо мақомҳои туркманистонӣ хотирнишон кард : Шаҳрвандони Ҳирот ба ТАПИ, ки равзанаи умед ва расидан ба тараққӣ дар Афғонистон аст нигоҳ карда ва умедвор ҳастанд то ин пружа ба зӯдӣ амалӣ шавад .
Вай таъкид кард : Қарор аст то ба зӯдӣ масъӯлони ҳукумати Толибон намояндаи вилояти Қандаҳорро барои пешбурди кори ТАПИ муаррифӣ кунанд .
Волии Ҳирот гуфт : Идораи маҳаллӣ дар зудтарин вақт нақшаи заминҳо дар масири пружаро ба масъӯлони Туркманистон хоҳад супурд ва аз тарафи Туркманистон мехоҳем то кори амалии ин пружаи муҳимро дар хоки Афғонистон шурӯъ кунанд .
Хати лӯлаи Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд ( англисӣ : TAPI ) ё ТАПИ, тарҳи интиқоли гази табиии Туркманистон аз масири Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд аст