Июн 12, 2022 13:21 Asia/Dushanbe
  • Арабистони Саъудӣ , Кувайт ва Иморот ҳазинаҳои ин ҷараёноти динӣ ва мазҳабиро таъмин мекунанд
    Арабистони Саъудӣ , Кувайт ва Иморот ҳазинаҳои ин ҷараёноти динӣ ва мазҳабиро таъмин мекунанд

Талоши мақомҳои давлатии Узбакистон барои шиносоӣ ва нобудии ҷараёноти такфирии террористӣ , шибҳи низимӣ ва ифротгароӣ ҳамчунон идома дорад.

Полиси Узбакистон аз шиносоӣ ва саркуби 14 гурӯҳи такфирии террористӣ дар ин кишвар аз ибтидои соли ҷории мелодӣ хабар додааст. Бар асоси иттилоияи полиси Узбакистон, дар соли ҷории мелодӣ 2022 дар шаҳр ва устони Тошканд фаъолияти 4 гурӯҳи махфи, ки аъзои он бо шибҳи низомиёни созмонҳои террористи мавсум ба  ДОИШ  дар Сурия муртабит буданд ва беш аз 10 гурӯҳи маҷозӣ шиносои ва саркуб шудааанд.

Бар асоси гузориши мунташир шудаи  полиси Узбакистон яке аз афроди боздошт шуда дар устони Тошканд ки соли таваллудаш 2001 мелодӣ аст, ба дастури маъмури созмони террористии Катиба-ат-Тавҳид ва Ҷаҳод  дар Сурия фаъолият дорад  ва як шуъбаи   махфи дар пойтахти Узбакистон таъсис кард. Дар ин созмони террористӣ афроди фарибхурда ва бе иттилоъ аз аҳкоми дини мубини Ислом ҷазб шудаанд. Фақат дар пойтахти Узбакистон, фаъолияти харобкоронаи 8 гурӯҳи муташакил аз намояндагони гурӯҳҳои ҷиноӣ хунсо шудааст.

Давлатҳои Амрико ва Инглис аз тариқи дипламатҳои худ дар Осиёи Марказӣ талоши музоафе карданд то ин даста афроди сархурдаро ибтидо бар Афғонистон ва сипас  ба минтақаи Осиёи Марказӣ интиқол диҳанд.

Дар ҳақиқат давлатҳои ғарбӣ бо раҳбари Амрико ва Инглис барои созмондиҳии дубораи ҷараёнҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ва интиқоли онҳо ба Афғонистон ва дар оянда ба Осиёи Марказӣ, ба сурати бевақфа талош мекунанд.

Ифшои ҳамин талошҳои Амрико ва Инглис сабаб шудааст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба манзури муқобила бо ин ҷараёнҳо омодаги дошта бошанд. Дар ҳамин замина коршиносони умури амниятӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли гузаштаи мелодӣ борҳо дар бораи коҳиши синии афрод ба манзури ҷазб дар гурӯҳҳои такфирии террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд.

Дар моҳи ноябри соли гузаштаи 2020 мелодӣ Анҷумани коршиносони минтақаи Қирғизистон дар ҳамоише бо мавзуъи " Нақши омӯзиши ҷавонон барои муқобила бо ифротгароӣ ва терроризм" равишҳои мубориза бо ифротгароии ҷавононро барраси карданд. Дар он ҳамоиш коршиносони умури амнияти Осиёи Марказӣ тасреҳ кардаанд: Сини афроди террорист ба суръат дар ҳоли афзоиш аст. Ба тавре, ки ҳатто кӯдакони 12 сола низ дар миёни террористҳо ҳузӯр доранд.

Ин  даста аз коршиносон ҳамчунин хотир нишон карданд: Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти кунӯнии минтақа ба вижа вазъияти ошуфтаи Афғонистон, аз ҳамакнӯн бояд ба фикри муқобила бо тундравии ҷавонон буд. Зеро аносири пинҳон дар кули минтақаи Осиёи Марказӣ фаъол шудааст.

Дар миёни ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ, Узбакистон ба унвони пурҷамъияттарин кишвари ин минтақа, дар айни ҳол яке аз мустаъидтарин кишварҳо ба манзури ҷазби афроди фарибхурда дар ҷараёнҳои  такфирии террористӣ қаламдод мешавад. Аммо мақомҳои Тошканд зимни амал ба тавсияҳои Созмони паймони амнияти  дастаҷамъӣ  аз кумаки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ки дар ин замина таҷрӯбиёте андухтаанд ба беҳтарин шакл баҳрабардорӣ кардааст. Ба ҳамин далел аст, ки полис ва мақомҳои амниятии Узбакситон дар се соли гузашта даҳҳо ташакули навзуҳӯрро кашф ва садҳо тан аъзои ин ташакулҳоро боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Илова барин мақомҳои давлати Тошканд аз ду соли гузашта ба ин натиҷа расидаанд, ки иттихози сиёсати мудоро бо ҷараёнҳои ифротгарои мазҳабӣ дар ин кишвар бенатиҷа аст. Аз ҳамон замон полис ва нерӯҳои амниятии Узбакистон зимни шиносоии теъдоде аз ҷараёнҳои ифротгаро дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои вобаста ба гурӯҳҳои террористии ДОИШ, Ҳизби Таҳрир,  Катиба-ал- Тавҳид ва Ҷаҳод ва дигар ташакулҳои ифротӣ иқдом кардаанд. Ҳамонгӯна, ки аз исми ин ташакулҳои ифротгаро мушахас аст, аксаран ин ҷараёнҳо бо фаҳангӣ мардуми Осиёи Марказӣ бегона ҳастанд.

Решаи ҷараёнҳои такфирии террористӣ ба кишварҳои арабзабоне боз мегардад, ки аз дини мубини Ислом дар ҷиҳати таҳақуқи аҳдофи қавмӣ ва хонаводаги истифода мекунанд. Назири гурӯҳи Алқоъида, ки дар Арабистон таъсис шуд ва хонаводаҳои сарватманди арабистонӣ ҳазинаҳои аъзои ин гурӯҳи террористиро мепардозанд. Ин ташакули террористӣ аз ҳамон ибтидо дар хидмати манофеъи бархе кишварҳои Арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва ҳатто саҳюнизми байналмиллалӣ қарор гирифт. Ин дар ҳоле аст, ки ифшогариҳои чанд соли гузашта дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ҳамаги ҳоки аз он аст, ки Арабистони Саъудӣ , Кувайт ва Иморот ҳазинаҳои ин ҷараёноти динӣ ва мазҳабиро таъмин мекунанд. Дар воқеъ бо пардохти пул ҷавонони фаребхурдаи Осиёи Марказиро ба кӯштани дигар мусалмононе, ки мухолифи сиёсатҳои Арабистон, Иморот ва Кувайт ҳастанд иқдом мекунанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп