Кушта шудани як сарбози тоҷик дар даргирии марзии имрӯз бо Қирғизистон
(last modified Tue, 14 Jun 2022 08:22:34 GMT )
Июн 14, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як сарбози тоҷик дар даргирии марзии имрӯз бо Қирғизистон

Манобеи маҳаллӣ дар ноҳияи Исфара аз вуқуъи тирандозӣ дар ноҳияи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кушта шудани як сарбози нерӯи марзбонӣ хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, соати 6 субҳи сешанбе 14 июни соли ҷорӣ бар асари тирандозӣ дар минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара миёни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон як сарбози тоҷик кушта шуд.

То лаҳзаи интишори ин хабар мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин маврид ибрози назар накрдаанд, аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо интишор баёнияе тарафи Тоҷикистонро ба оғози даргирӣ дар марзи муштарак муттаҳам кардааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки марзбонони тоҷик нахуст ба сӯи посгоҳи марзии Қирғизистон тирандозӣ карданд, ки бо посухи мутақобили қирғизҳо рӯ барӯ шуданд.

Дар ҳоли ҳозир фармондеҳони посгоҳҳои марзбонии ду кишвар дар ноҳияи Исфара ва Ботканд дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд.