Туркманистон сохти хати оҳани Оқина - Андхуй дар Афғонистонро аз сар гирифт
Муҳандисони туркман сохти хати оҳан дар Афғонистонро аз сар гирифтанд.
Ба гузориши Форс, ин иқдом бар асоси қарордоде, ки пеш аз ин байни Ожонси ширкати рейлии Туркманистон ва роҳи оҳани Афғонистон имзо шуда буд, анҷом шуд.
Муҳандисону мутахассисони роҳи оҳани Туркманистон ба ҳамроҳи мошинолот ва таҷҳизоти лозим барои идомаи сохти хати оҳани «Оқина - Андхуй» вориди шаҳри Оқина шуданд.
Кормандони роҳи оҳани Туркманистон бо раисони созмони роҳи оҳан ва соири идороти вилояти Балхи Афғонистон ҳам дидор карданд.
Сохти ин хати рейлӣ ба тӯли 30 километр 25 июли 2019 оғоз, аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла маҳдӯдиятҳои ношӣ аз шуюи бемории корона сохти он мутаваққиф шуд ва фақат 29 километр сохта шуд.