Тадобири амниятӣ дар Қирғизистон ташдид мешавад
(last modified Tue, 29 Nov 2016 08:41:15 GMT )
Ноябр 29, 2016 13:41 Asia/Dushanbe
  • Тадобири амниятӣ дар Қирғизистон ташдид мешавад

Дар остонаи баргузории ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон, тадобири амниятии полис дар ин кишвар ташдид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории “Форс”, Вазорати дохилаи Қирғизистон нерӯҳои амниятии ин кишварро аз аввал то 11 –уми декабр, ҳамзамон бо баргузории ҳамапурсӣ дар марокизи раъйгирӣ ба ҳолати омодабош даровард.

Бакит Саитов, раиси дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Қирғизистон гуфт, дар ин муддат гурӯҳҳои амниятӣ ба сурати шабонарӯзӣ дар канори нерӯҳои Комиссияи марказии интихобот марокизи раъйгириро барои ҳузури мардум омода мекунанд.

Саитов афзуд, нерӯҳои амниятӣ муҳофизати 24 соата аз сандуқҳои раъйро то замони интиқоли эмини ин сандуқҳо ба сохтмони Комиссияи марказии интихобот баъд аз итмоми интихобот бар ӯҳда доранд.

Вай таъкид кард, тамоми таҳаррукоти машкук, талош барои эҷоди бесуботии авзоъ талаққӣ хоҳад шуд ва тибқи қонунҳои ҷумҳурии Қирғизистон пайгарди қонунӣ хоҳад дошт.

 11-уми декабр дар Қирғизистон ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ баргузор мешавад.