Тақвияти хадамоти марзбонии Туркманистон бо ҳамкории САҲА
(last modified Tue, 21 Jun 2022 05:07:51 GMT )
Июн 21, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти хадамоти марзбонии Туркманистон бо ҳамкории САҲА

Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Ашқобод бо ҳадафи тақвияти зарфияти хадамоти марзбонии Туркманистон дар баробари таҳдидоти марзӣ ҳамоиш баргузор кард.

Ба гузориши Форс, маркази ин созмон бо ҳадафи тақвияти зарфияти сервиси давлатии марзбонии Туркманистон дар баробари таҳдидоти марзӣ ҳамоиши маҷозӣ баргузор кард.

Дар ин ҳамоиш намояндагони хадамоти давлатӣ ва муҳоҷирати Туркманистон ва ҳамчунин мутахассисони дигар аз созмонҳои давлатии марбӯта дар семинари онлайни минтақаии мубориза бо терроризм ширкат карданд.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, ширкаткунандагон масоили марбӯт ба ҳифозат аз зерсохтҳои ҳаётӣ дар баробари таҳдидоти террористӣ ва иқдомотеро барои тақвияти нирӯҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.