Июн 25, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Тошканд мизбони дувумин нишасти вазирони энергетикии Созмони Ҳамкории Шанхай
    Тошканд мизбони дувумин нишасти вазирони энергетикии Созмони Ҳамкории Шанхай

Дувумин нишасти вазирони энергетикии кишварҳои узви Соззмони Ҳамкории Шанхай ба раёсати Узбакистон дар шаҳри Тошканд ба сурати нима ҳузури баргузор шуд.

Созмони Ҳамкории Шонхай як созмони байналмиллалии байни давлати аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шонгҳой аз сӯи Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар таъсис шуд. Дар нишасти ин созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон баргузор шуд Ҳиндустон ва Покистон узви дойми СҲШ шуданд.

Ҳамакнун Эрон низ дар ҳоли гузар аз фарояндҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхай аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар ин нишаст, ки бо суханронии Азим Аҳмадхоҷаев, муъовини аввали вазири энергетикаи Узбакистон ва Жонг Минг дабири кулли СҲШ ифтитоҳ шуд. Раисони энержи кишварҳои узви ин созмон аз ҷумла Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи энержи таъкид карданд.

Муъовини аввали вазири энергетикаи Узбакистон бо ишора бо тавсеаи энежии таҷдидпазир дар ин кишвар ва нақши ҷаҳонӣ дар гузар ба энержи сабз дар иқтисод гуфт: Ҳамакнун мавзуъи ёфтани роҳҳои муассири гузар ба энержи сабз як масъалаи ҷаҳонӣ аст ва табодули таҷрубиёт дар ин замина ва иҷрои тарҳҳои муштарак барои ҳаллу фасли масоил ва тавсеаи он кумак мекунад.

Муъовин аввали вазири энергетикаи Узбакистон ҳамчунин омодагии ин кишварро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи энержи бо тамоми кишварҳои узви СҲШ эълом кард.

Дар поёни ин нишаст барномаи иҷроӣ амалии тарҳҳои ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар заминаи энержи имзо ва барномаи ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар заминаи баҳрабардори аз манобеъ таҷдидпазири энержи тасвиб шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай як улгӯи муваффақи ҳамкории роҳбурдии минтақаӣ аст

 

Барчасп